Арзиши рубл боз боло рафт: эълони Бонки миллӣ аз арзиши асъор дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон як рубл баробар ба якуним сомонӣ шудааст. Чанд ҳафтаи ахир дар кишвар тамоюли боло рафтани арзиши рубли русӣ ба назар мерасад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1468сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Ҷаҳиши рекордии қурби рублу доллар ва евро дар Тоҷикистон

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.3408 то 13.6000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1446 то 0.1500 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1468 то 0,1500 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1475 то 0.1515 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1480 то 0,1510 сомонӣ нишон дода шудааст.

Дар Тоҷикистон қурби доллару рубл якбора баланд шуд: чаро?

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".