Кумитаи тафтишотии вилояти Маскав, зодаи Осиёи Марказӣ, муҳоҷири меҳнатиро боздошт кардааст, ки дар қатли Виктория Борковская, дотсенти Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов ва модараш айбдор мешавад.
Ҷабрдидаи дигари ин ҳамла духтари шашсолаи Борковская мебошад. Кӯдак феълан дар беморхона буда, вазъи саломатияш вазнини муътадил арзёбӣ мешавад.
Тибқи иттилои пешакӣ, муттаҳам 7 ноябр ин ду занро дар хонаашон дар Солнечногорск бо корд ба қатл расонда, баъди кофтукоби ашёи гаронбаҳо дар хона аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Бар асоси фарзияи пешакӣ, муноқиша дар заминаи қарз барои кори анҷомдода рух додааст. Қаблан муттаҳам дар хонаи кушташудаҳо ба ҳайси коргари кироя кор мекардааст.
Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дошта, Кумитаи тафтишотӣ ба ҷамъоварии далелҳо машғул мебошад.