Омӯзгорони забони тоҷикии мактабҳои Самарқанд ба Шавкат Мирзиёев муроҷиат карданд

Теъдоде аз муаллимони забони тоҷикии мактабҳои шаҳри Самарқанд бо ирсоли номае ба раисҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз коҳиши тадриси ин забон дар кишвар ибрози нигаронӣ кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж”, дар ин нома таъкид шудааст, ки таълими забони тоҷикӣ дар мактабҳои манотиқи тоҷикии Ӯзбекистон дар як ҳафта 10 соатро ташкил медиҳад.

Даргузашти профессор Абдуқодиров, фарди маъруф дар Тоҷикистону Ӯзбекистон

Ин дар ҳоле аст, ки тадриси забони ӯзбекӣ ва хориҷӣ 33 соат дар ҳафта аст.

Дар ин нома инчунин аз коҳиш ёфтани шумораи кӯдакистонҳо барои кӯдакони тоҷики муқими вилояти Самарқанд изҳори нигаронӣ шудааст.

Муаллифони нома аз раисҷумҳурии Ӯзбекистон хоҳиш кардаанд, ки дар таъсиси як шабакаи мустақили телевизионӣ дар Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ мусоидат кунад.

Аз тарафи дигар, ба Шавкат Мирзиёев пешниҳод шудааст, ки пахши барномаҳои мустақим ба забони тоҷикиро тавассути радио ва телевизиони Ӯзбекистон баррасӣ кунад.

Пешниҳоди дигари омӯзгорони забони тоҷикии Самарқанд ба Шавкат Мирзиёев ин аст, ки ба сабаби паҳн шудани вируси корона ва ҳузури маҳдуди донишҷӯён ба воситаи телевизион ва фазои маҷозӣ таълим додан роҳандозӣ шавад.