Вакили парлумон рушди Тоҷикистон зери роҳбарии Раҳмонро “муъҷиза” хонд

Ҷамшед Муртазозода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, аз рушди кишвар дар бахши демократия зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмонро муъҷиза хонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Муртазозода ахиран дар ҳамоиш бахшида ба солгарди Конститутсия гуфт, аз лиҳози татбиқи меъёрҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ, кишвар зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳиши беназири таърихиро анҷом дод.

Се рӯз пайи ҳам: зиёда аз 20 ҳазор мавориди сироятшавӣ ба коронавирус дар Русия

“Дар ду даҳсола ба даст овардани муваффақиятҳо дар самти татбиқи арзишҳои демократӣ муъҷиза маҳсуб мешавад. Табиист, ки бо чунин нақш ва хидмати таърихӣ ҷойгоҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи халқи тоҷик бисёр баланд буда, номашон дар саҳифаи давлатдории миллӣ барои ҳамеша бо ҳарф­ҳои заррин сабт шудааст”, - таъкид кард вакили парлумон.

Ҷамшед Муртазозода, ки дар бораи саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол суҳбат мекард, изҳор дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз комилтарин конститутсияҳо буда, ба қатори панҷ Конститутсияи беҳтарини дунё шомил аст, навиштааст нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Халқ ҳам ҷонибдору ҳам мухолиф: Амрико натоиҷи интихоботро ҷамъбаст мекунад - акс

Ба гуфтаи Муртазозода, Эмомалӣ Раҳмон шахсан ин раванди таҳияи Конститутсияро зери назорат гирифта, пайваста таъкид менамуд, ки бояд ҳар як пешниҳоди мардум ва орзуву омоли қишрҳои ҷомеа ба назар гирифта шавад.

Ӯ афзуд, матни моддаи якуми Конститутсия, ки моҳияти давлатдории миллиро ифода мекунад, бевосита аз тарафи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шудааст.

Инчунин таъкид шудааст, ки ­Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус, пешниҳод, эрод ва идеяҳо дар раванди такмили қонунгузорӣ саҳми бевосита гузошта, барои ҳимояи манфиатҳои мардум дар қонунгузории кишвар пофишорӣ кардааст.