Шикасти мунтахаби футболи Тоҷикистон аз яккачини Баҳрайн

Тими  мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии рафиқонааш аз яккачини Баҳрайн шикаст хӯрд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik.  Бозии рафиқона миёни ин ду мунтахаб дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб 7-уми ноябр сурат гирифт.

Мунтахаби футболи Тоҷикистон мавқеашро дар рейтинги ФИФА аз даст дод

Бозии мазкур бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт.

Муҳаммад Саад бозигари яккачини Баҳрайн муаллифи ягона голи ин дидор гашт.

Яккачини Тоҷикистон то ҳанӯз тими Баҳрайнро шикаст надодааст.

Дар панҷ дидори дастаҳо Тоҷикистон бозиро се маротиба мағлуб ва ду маротибаи дигар мусовӣ кардааст.

Миллипӯшони кишвар ҳамзамон як бозии дигари рафиқона анҷом медиҳанд.

Шогирдони Усмон Тошевро санаи 12-уми ноябр рақобат бо мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб дар пеш аст.

Ҳайати яккачини кишвар барои рақобати дӯстона бо Баҳрайн ва АМА дақиқ шуд

Барои ин рақобатҳои дӯстона, дар ин сафар сармураббӣ яккачини кишвар Усмон Тошев бо худ 25 футболбозро ҳамроҳ гирифтаст, ки аз инҳо 3 дарвозабон, 8 муҳофиз, 9  ниммуҳофиз ва 5 ҳамлагар мебошанд.