Ҷо Байден Доналд Трампро шикаст дод: президенти нави Амрико кист?

Дар Иёлоти Муттаҳида интихоботи пешгӯинашавандатарини президентӣ баргузор гардид. Пас аз ҳисоб кардани овозҳо ғолиб демократ ва ҳуқуқшинос Ҷо Байден гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik.  Ҷо Байден, намоянда аз демократҳои Амрико бо дарёфти 273 раъйи ҳайати интихоботӣ ҳарифаш президентӣ феълӣ Доналд Трампро шикаст дод.

Байден шумораи рекордии овозҳоро дар торихи интихоботи Амрико ба даст овард

Барои пирӯзӣ ба як номзад ба мақоми президентӣ танҳо лозим буд, ки аз 538 аъзои ҳайати интихоботӣ 270 нафар дастгирӣ ёбад.

Дар аввал маълум буд, ки Байден 232 овоз ва Трамп 125 овоз мегиранд.

Аммо натиҷаи интихоботи президентиро ҳамеша иёлатҳои калобанда ҳал мекунанд, тавре ки имсол рӯй дод: Байден тавонист минтақаҳоеро, ки Трамп дар онҳо афзалият дошт, бигирад ва ба шарофати ин, ба пирӯзӣ расид.

Ёдрас мешавем, дар интихоботи президентии соли 2020 дар Амрико дар тайи 120 сол бори аввал шумораи зиёди интихобкунандагон ҳозир шуданд.

Рекорди пештара дар кишвар соли 1900 ба қайд гирифта шуда буд. Он вақт дар интихобот 73, 7 дар сади интихобкунадагон ҳозир шуда буданд, ин дафъа 66,9 дар сади сокинони Амрико дар интихобот иштирок карданд.

Русия боз ба дахолат дар интихоботи Президентии Амрико айбдор мешавад? - навор

Талоши сеюм ва комёбӣ

Ӯ барои расидан ба ин мақом аз 47-солагӣ талош кардааст.

Ҷо Байдени 78-сола наздик ба 50 сол аст, ки дар сиёсати Амрико нақш дорад.

Қаблан ду маротиба солҳои 1988 ва 2008 – аз сӯи демократҳо барои расидан  ба курсии раҳбарии Амрико пешниҳод шуда буд.

Номбурда тули ҳашт сол дар замони президентии Барак Обама муовини ӯ буд.

Ҳамзамон ӯ тули 36-сол дар Сенати Амрико фаъолият кардааст.

Ҳолномаи раҳбари нави Амрико

Байден 20 ноябри соли 1942 дар Скрантон, Пенсилвания таваллуд шудааст.

­Ӯ дар Мактаби Сент Елена дар Вилмингтон таҳсил карда, аз Донишгоҳи Делавар дараҷаи бакалавриро дар соҳаи таърих ва илмҳои сиёсӣ ба даст овардааст.

Байден соли 1968 Мактаби ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Сиракузаро дар иёлати Ню Йорк хатм карда, худи ҳамон сол доктори илмро соҳиб шуд.

Байден ба Трамп: Голфбозӣ бас аст, коратро анҷом бидеҳ

Дар синни 30 солагӣ Байден аз иёлати Делавэр сенатор интихоб шуд.

Ҳамзамон, оғози фаъолияти сиёсии ӯ бо фоҷиаи хонаводагӣ оғоз шуд .

Дар арафаи Соли нави 1972, вақте ки Байден бори аввал ба Сенат интихоб шуд ва барои қабули вазифаи нав омодагӣ мегирифт, зани аввалаш Нелия ва духтари яксолааш дар садамаи нақлиётие фавтиданд.

Пас аз чанд сол, Байден бо профессори англис Ҷилл Трейси Ҷейкобс издивоҷ кард, ки то ҳол бо ҳаманд.

Байден 36 сол сенатор боқӣ монд ва ин ӯро ба яке аз муваффақтарин сиёсатмадорони ИМА табдил дод.

Ёдовар мешавем, маҷаллаи Time Байденро ба рӯйхати 200 чеҳраи ояндасози ҷаҳон шомил кард (200 Faces for the Future).

Ин демократро дар Иёлоти Муттаҳида бо фурутанииаш мешиносанд. Ҳамчун як сенатор, Байден муддати тӯлонӣ тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо қатораи барқӣ (электричка) ба кор мерафтааст.

Пусухи Путин ба иттиҳомоти номзадҳои президентӣ дар ИМА алайҳи Русия-навор

Тӯли солҳои фаъолияти пурсамари худ, ӯ мукофоти олии ИМА-ро ба даст овард. Ба гуфтаи президенти он вақт Барак Обама, Байден барои "эътимод ба ҳамватанон ва муҳаббат ба кишвар" мукофотонида шудааст.