Русия боз ба дахолат дар интихоботи Президентии Амрико айбдор мешавад? - навор

Вазъи интихоботии Амрико рӯз ба рӯз муташанниҷ мешавад. Байден дар аксари иолотҳои муҳими Амрико пирӯзӣ ба даст овард. Трамп дар саргардонии исботи тақалуби дар интихобот мебошаду, вақти муносиб барои пайдо кардани нишонаҳои “Дахолати Русия” ба ҷараёни раъйдиҳӣ расид.
Sputnik

Дар Амрико интихоботӣ Президентӣ дорад анҷом меёбад. Президенти феълӣ Доналд Трамп бо тамоми неруяш исбот дорад, ки рақибаш даст ба тақалубкорӣ задааст.

Интихобот Амрико ба поён мерасад: Байден нисбат ба Трамп пешсаф аст - акс

Дар сурате, ки имрӯзҳо ҳисоби раъйҳо идома дорад, дар ҷомеъа низоъ пайдо шудааст.

Ба кӯчаву хиёбонҳои Амрико ҳазорҳо мардуми норозӣ рехтанд. Дар ҳимин ҳол, ду рақиб як дигарро дар дуздии овозҳо айбдор мекунанд.

Дар вазъияти ноороми сиёсӣ дар дохилии Амрико Русия боз ба дахолати сисати ИМА айбдор мешавад.

Дар Амрико ба таври фаъол “сармоягузорон” ва “хакерҳои рус” меҷӯянд.  

Кохи Кремлин роҷеъ ба ҳамин вазъ тавзеҳот дод: Мо бо ҳамон раисҷҷумҳуре кор хоҳем кард, ки мардуми Амрико онро интихоб хоҳанд кард.