ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохила дар вилояти Хоразм, дар паи баргузории амалиёти вижа, зани 22-соларо ба иттиҳоми кӯшиши фурӯши духтарчаи 4-моҳааш боздошт карданд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба ВКД.
Гуфта мешавад, модари бераҳм мехост кӯдаки худро бар ивази 120 миллион сум фурӯшад.
Ту некӣ куну ба дарё андоз: Чигуна кӯдаки муҳоҷири тоҷикро зани рус фарзандхонӣ кард
"Аз рӯи ин далел, тибқи моддаи "Хариду фурӯши ашхоси то ҳаждаҳсола" парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Феълан гунаҳкор боздошт шудааст.
Модар фарзандашро фурухту ба муҳлати 9 сол паси панҷара рафт
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.