Эълони шаш парвози чартерӣ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон ва Белорус: ҷадвал

Ширкати "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Минск ва Алмаато дар моҳи ноябр, шаш парвози чартерӣ анҷом медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз шаш парвози чартерӣ дар моҳи ноябр аз Тоҷикистон ба Белорусу Қазоқистон хабар медиҳад.

Ҳамин тавр, шаҳрвандони кишвар метавонанд ба шаҳрҳои Минск ва Алмаато сафар кунанд. Парвозҳо дар самти Душанбе – Минск – Душанбе ва Душанбе – Алмаато – Душанберо ширкати ватании "Сомон Эйр" анҷом медиҳад.

Ҷадвали парвозҳо

  • 8 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе;
  • 15 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе;
  • 16 ноябр, Душанбе-Алматы-Душанбе;
  • 22 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе;
  • 28 ноябр, Душанбе-Алматы-Душанбе;
  • 29 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе.

Ин парвозҳо дар мувофиқа бо ҳукуматҳои Белорус ва Қазоқистон сурат мегиранд. 

"Тахминӣ буд": чаро парвоз ба Тошканд анҷом нашуд?

Дар робита ба вазъи ҳамагирии коронавирус дар ҷаҳон, зимни анҷоми парвозҳо қоидаҳои беҳдоштӣ бояд риоя шавад.

Рӯз ба рӯз: нашри ҷадвали нави парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ёдоварӣ карда, ки зимни парвоз шаҳрвандон бояд бо худ санади натиҷаи ташхиси манфии коронавирусро, ки на пештар аз 96 соат анҷом дода шуда бошад, дошта бошанд. Ин санад аз кӯдакони то 3 сола талаб намешавад.

Ёдрас мешавем, чанде пеш ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии русии "ЮТэйр" барои анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Душанбе ба Маскав ва аз Хуҷанд ба Сургут иҷоза доданд.