Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Бидуни фавт: дар Тоҷикистон аз коронавирус 52 нафар шифо ёфт ва 37 кас тоза мариз шуд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди фавт, сироят ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Бори нахуст: мубталошавии 20 000 нафар дар Русия ба коронавирус давоми як рӯз

Ба иттилои манбаъ, аз 30 апрел то 6 ноябр  дар ҷумҳури шумораи дардмандони коронавирус ба 11256 нафар расид.

Дар 24 соати гузашта, 52 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Ба ҳамин минвол шумораи шифоёфтагон ба 10 546 нафар баробар шуд.

Омори ҷадиди сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Манбаъ меафзояд, аз замони бурузи ин маризӣ дар Тоҷикистон, дасти кам 83 мариз ба ҳалокат расиданд.

Вазорати тандурустӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандон даъват мекунанд, ки дар замони пандемия риоя қоидаҳои санитарӣ, пӯшидани ниқоб ва нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоиро фаромӯш насозанд.