Коршинос дар бораи интихобот дар ИМА: Трамп як шонс ба пирӯзӣ дорад

Дар штаби раисҷумҳури амалкунандаи ИМА Доналд Трамп шикоят аз ҳисоботи овозҳо дар ду иёлати дигарро истисно намекунанд. Ин қазияро ба радио Sputnik муовини аввали  декани факултаи иқтисод ва сиёсати ҷаҳони мактаби олии иқтисодӣ Игор Ковалев шарҳ дод.
Sputnik

Штаби президенти амалкунандаи Амрико Доналд Трамп аз рӯи ҳисоботи овозҳо дар Аризона, Невада шикоят бурда, ҷумҳурихоҳон на танҳо натиҷаҳоро баҳс карданианд, балки мехоҳанд суръати муайян кардани натиҷаҳоро суст кунанд, гузориш медиҳад CNN  дар истинод ба манбааш.

Пештар оҷонсии Ассошиэйтед Пресс  хабар дод, ки штаби президент ба додгоҳи Ҷорҷӣ шикоят бурдааст, ки кормандони комиссияҳои интихоботӣ қонун бар бораи ҳисоб ва нигоҳдошти бюллетенҳо  почтаро риоя кунанд.

Байден шумораи рекордии овозҳоро дар торихи интихоботи Амрико ба даст овард

Ҳамчунин, офиси Трамп арз кардааст, ки дар Мичигана ва Пенсинвалия ҳисоботи овозҳо бозистонда шавад. Онҳо баҳона кардаанд, ки он ҷо ҷонибдорони ҷумҳурихоҳон ба пайгирии ҳисоботи овозҳо дастрасӣ надоранд. Ҳамчунин талаб карда мешавад, ки дар иёлати Висконсин овозҳо аз нав ҳисоб карда шаванд. 

Рӯзи душанбе дар ИМА интихоботи президентӣ баргузор шуд. Натиҷаҳои интихобот дар як қатор иёлот феълан маълум нест. Трамп шаби сешанбе ба чаҳоршанбе пирӯзии худро эълон кард ва демократҳоро дар кӯшиши "рабудани интихобот" муттаҳам намуд.

Штаби пешазинтихоботии раисҷумҳури амалкунанда мехоҳад дар як қатор иёлотҳои кишвар овозҳоро аз нав шуморанд. Дар ҳоле ки, бино бар маълумоти шабакаҳои телевизионии Амрико, номзад аз ҳизби демократҳо Ҷо Байден пешсаф аст, барои пирӯзӣ ӯ бояд боз овозҳои шаш интихобкунандагонро ба даст оварад.

Коршиноси рус Игор Ковалев дар мусоҳиба бо радиои Sputnik гуфт, ки дар ҳошияи интихобот таҳдиди ҷиддии радикалишавӣ дар ҷомеа вуҷуд дорад.

Ҷо Байден пешсаф аст, аммо ҳолдонҳо пирӯз шудани Доналд Трампро пешгӯӣ мекунанд

"Интихоботи президенти Амрико, мутаассифона, на як рӯзу ду рӯз, дар сархатти хабарҳо мемонад. Пеш аз ҳама барои он ки раванди ҳисоботи овозҳое, ки тариқи почта ирсол шуда буданд, тӯл мекашад. Баъд аз он, ҳар яке аз мухолифин шикасти худро эътироф намекунанд, ки он ба баҳсҳои гуногун оварда мерасонад: чи дар додгоҳ ва аз ҳама ташвишовараш  ҳатто дар кӯчаҳо. Ҷонибдорони Ҷо Байден аллакай дар кӯчаҳо рехтаанд, ҷонибдорони Трампро низ дер интизор намешаванд. Хуб дар ёд дорем, ки онҳо чигуна дар Техас ҳангоми овоздиҳӣ чӣ кор карда буданд ва ҷонибдорони Байденро амалан фишурда буданд. Барои ҳамин радикализатсияи шадид ва ҳатто бархӯрди ин ду гурӯҳро низ дар ҷомеаи Амрико метавон интизор шуд", - гуфт Игор Ковалев.

Шабакаҳои телевизионии номдори амрикобӣ ба ҳисоботи овозҳо шурӯъ карда буданд, ки ин изтироби иловагиеро ба миён меоварад. 

"Шумораҳо, албатта ба одамон таъсир мерасонанд, ба онҳое, ки ин шабакаҳои хабариро пайгирӣ мекунанд, - ба назари онҳо чунин мерасад, ки онҳоро фиреб медиҳанд, ин рақамҳоро онҳо ҳамчун натиҷаи ҳақиқӣ қабул мекунанд, ки чунин нест. Метавон мисолҳои зиёдеро овард, ки чигуна як оҷонсӣ , ки пеш аз интихобот пешбинӣ менамуд, дар натиҷа натавонист. Бояд натиҷаҳои расмиро интизор шуд. Ҳарчанд, тавре мо медонем, ҳатто натиҷаҳои расман эълоншуда баъзан дур аз воқеиятанд - метавонад созишҳои гуногуни сиёсӣ бошанд, ба ҳар ҳол онҳо натиҷаҳои расмианд, на иттилое ки маҷалла ва ё телевизион медиҳад", - қайд мекунад Игор Ковалев.

Дар шикасти Байден намешавад русҳоро гунаҳкор кард

Ба гуфтаи вай, ин дафъа низ нақши калидиро дар муайян кардани натиҷаҳои интихобот ҳокимияти судии Амрико мебозад.

"Албатта, феълан вазифаи асосии Трамп - ин ягона имконияти бидуни зӯроварӣ ва истифодаи силоҳ исботи пирӯзӣ - мубориза дар додгоҳҳо аст. Барои ҳамин ҳам ӯ саросемавор ҷонибдоронашро дар Суди Олии ИМА таъин карда буд. Аз он ки ин гуна шикоятҳо то Додгоҳи Олӣ мераванд, сарнавишти Амрико аз фикри шахсии додрасҳо низ вобаста мебошад".

Байден ба Трамп: Голфбозӣ бас аст, коратро анҷом бидеҳ