20 ҳазор долларро ба 8 ҳазор доллар хариданд: пулҳои қалбакӣ то Тоҷикистон нарасиданд

Ду шаҳрванди Ӯзбекистон бо пинҳонсозии 20 ҳазор доллари қалбакӣ дар сақфи мошинашон қасди интиқоли он ба Тоҷикистонро доштанд, аммо натавонистанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Кормандони Хадамоти Амнияти Миллии Ӯзбекистон бо тавқифи як мошини ду табааи ин кишвар аз интиқоли 20 ҳазор доллари қалбакӣ ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд.

Дар Тоҷикистон қурби доллару рубл якбора баланд шуд: чаро?

Ба гузориши "Парс тудэй", ду шаҳрванди 38 -солаи Ӯзбекистон, ки бо ҷосозии 20 ҳазор доллари қалбакӣ дар сақфи мошинашон қасди интихоли ин маблағ ба Тоҷикистонро доштанд дар роҳ ба сӯи марзи Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Онҳо дар бозҷӯиҳои аввалин эътироф кардаанд, ки ин миқдор доллари қалбакиро аз Қирғизистон ба маблағи 8 ҳазор доллар харидорӣ карда ва мехостанд дар Тоҷикистон ба маблағи 10 ҳазор доллар ба фурӯш расонанд.

Ҳуҷҷатҳои қалбакӣ: дар Маскав гурӯҳи "обсофкунак"-и муҳоҷирон боздошт шуданд

Ба далели камёб шудани доллар дар Тоҷикистон ба назар мерасад, ки афроде дар пайи баҳрабардорӣ аз ин шароит мебошанд.

Ба гуфтаи кормандони Хадамоти Амнияти Миллии Ӯзбекистон акнун алайҳи ин ду нафар ба иттиҳоми талош барои анҷоми муомилоти арзӣ бо долларҳои қалбакӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.