Ҳафт қарори Ҳукумат: тафсилоти дигари тағйироти кадрӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои 7 қарори Ҳукумат тағйироти кадриро дар ниҳодҳои давлатӣ идома дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо қарори Ҳукумат, Ҷӯразода Тоҷиддин ба ҷои Ширин Амонзода раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумат таъйин гардид.

Миннатдорӣ ва ваъдаи вазири тандурустӣ баъди таъйини дигарборааш ба мақом

Ҷӯразода Тоҷиддин то ҳол дар вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.

Инчунин Ҳукумат Назарзода Назар Раҷабро аз вазифаи директори иҷроияи Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” озод карда, ноиби вазири энергетика ва захираҳои об таъйин намудааст.

Шоимзода Ҷамшед Шодӣ низ аз вазифаи муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ба вазифаи муовини аввали вазири энергетика таъйин шуд.

Қарори дигари Ҳукумат дар бораи барканории Амонзода Ширин Шодӣ аз вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумат мебошад, ки бо фармони раисиҷумҳур вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъйин гардид.