Вазъияти Амрико дар рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурӣ - акс

Sputnik

Феълан номзад аз Ҳизби демократии Амрико Ҷо Байден дар инихоботи раёсатҷумҳурӣ пешсаф аст.

Бар тибқи маълумоти расмӣ, то соати 9:50 дақиқаи рӯзи 4 ноябр (ба вақти Душанбе), Байден 223 орои интихобкунандагонро соҳиб шуд. Номзад аз Ҳизби демократии Амрикоро, 58 миллион интихобкунанда дастгирӣ намудааст.

Ҷо Байден ваъда дод, ки иқтисоди ИМА-ро нобуд месозад

Зимнан, кишвардори феълӣ Доналд Трамп, ки аз ҷониби Ҳизби ҷумҳурихоҳ пешбарӣ шудааст, то имрӯз 204 раъйи мардумро соҳиб шуд. Ба ҷонибдорӣ аз ӯ 57 миллион интихобкунанда овоз додаанд.

Барои ба даст овардани курсии раёсатҷумҳурӣ, номзад бояд 270 раъйи интихокунандаро соҳиб шавад.

Ҳолдонҳо мегӯянд, шонси Байден торафт коҳиш ёфта истодааст. Ба изҳори онҳо, номзади демократҳо агар дар чанд штат пирӯзӣ ба даст орад, дар иёлатҳои Миниссот, Айов, Аризон, Ню-Мексика ва Невада ба ҳеҷ ваҷҳ дастболо намешавад.

Трамп бошад дар Техас аллакай пирӯз шудааст. Гузашта аз ин, дар Флорида ва Огайо низ пешсаф буда, интихобкунандаҳо аз штатҳои Ҷорҷӣ, Королинаи Шимолӣ, Миниссот ва Винсоконсин низ номзадии ӯро дастгирӣ мекунанд.

Ҳамин тариқ, ҳолдонҳо пешгӯӣ мекунанд, ки Доналд Трамп дасти кам 280 орои мардумро касб мекунад ва дигарбора ба курсии раёсатҷумҳурии Амрико такя мезанад.

1 / 15
Ҷо Байден намоянда аз Ҳизби демократӣ аст
2 / 15
Доналд Трамп бошад номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳон мебошад
3 / 15
Интихоботи дар Амрико рӯзи 3- юми ноябр баргузор гардид ва акнун амрикоиҳо дар интизори дақиқ шудани натоиҷи интихобот ҳастанд
4 / 15
Авзоъ дар участкаи интихоботии шаҳри Ню - Йорк
5 / 15
Новобаста аз пандемия шаҳрандони Амрико фаъолона ба ҳавзаҳои интихоботӣ омада, ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандаи худ овоз доданд
6 / 15
Ҷо Байден рақиби калидии Доналд Трамп бо ҳамроҳии ҳамсари худ ба ҳавзаи интихоботӣ дар Делавэр омад ва раъйи худро гузошт
7 / 15
Ҳавзаҳои интихоботӣ дар Ню - Йорк комилан барои қабули интихобкунандагон омода буданд
8 / 15
Кишвардори феълӣ Доналд Трамп ва ҳамсари ӯ Мелания Трамп дар рӯзи интихоботи президентӣ дар Қасри сафед
9 / 15
Ҷонибдорони Доналд Трамп бо овезаву навиштаҷотҳо ба маракаи интихоботӣ омаданд
10 / 15
Ҳамчунин сафи тарафдорони Ҷо Байден низ кам набуда, барои дастгирӣ намудан аз номзади худ онҳо низ бо шиорҳо омаданд
11 / 15
Тарафдорони Доналд Трамп аснои мулоқот бо рӯзноманигорон дар Ню - Йорк
12 / 15
Дар ҳамин ҳол, интихоботи президенрӣ дар Амрико бидуни ошӯбу нооромиҳо нагузашт
13 / 15
Дар Сиэтле теъдоди зиёди эътирозгарон ҷамъ омаданд
14 / 15
Ҷонибдорони Ҷо Байден дар иёлати Девавер
15 / 15
Вазъи яке аз участкаҳои интихоботӣ дар Сан - Франсиско дар рӯзи ин6тихобот