Ронандаи ноӯҳдабаро ду аъзои як хонаводаро пахш кард: яке ҳалок ва дигаре дар беморхона

Дар Душанбе ду сокини пойтахтро ронандаи ноӯҳдабаро бо мошин пахш кард. Ҳар ду аъзои як хонавода мебошанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 ноя – Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбори нақлиётӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар медиҳад.

Боз садама дар тӯй: мошин бо домоди тоҷику арӯсаш ба истгоҳ бархӯрда, чаппа шуд

Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, ҳодисаи нохуш рӯзи 3 ноябр, тахминан соати 14:30 дақиқа рух дод.

Нохушӣ дар оилаи Ҳошимов: ҳалокати ду бародар дар пайи садама дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд"

Манбаъ меафзояд, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Зефира", Бадалов Саъдрӯзи 33 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ду сокини маҳаллиро бо худраваш пахш кард.

"Номбурда ҳангоми харакат дар кӯчаи Фирдавсӣ аз тарафи кӯчаи Борбад ба самти кӯчаи Қосимови пойтахт, пиёдагардон Шарифова Ҳурматойи 63 - сола ва Шарифов Шерзоди 13 - сола, сокинони шаҳри Душанберо пахш намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Дар натиҷа, пиёдагардони мазкур ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас карда, бистарӣ мегарданд. Аммо тахминан ду соат пас, пиёдагард Шарифова дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.