ДУШАНБЕ, 4 ноя – Sputnik. Ин парвози ғайричашмдошти ҷавонтарин чеҳра дар ҳукумати Тоҷикистон аз назари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки Ширин Амонзода аз фаъолтарин раҳбарони ҳукуматии онҳост, пинҳон намонд. Яке ҳам навишт: “Оё то куҷо аз раҳбарии Кумитаи рушди сайёҳӣ ба курсии вазирии меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират такя задани як бону мантиқӣ аст?”.
Дар баробари иттилое, ки дар бораи Ширин Амонзода дар сафҳаҳои интернетӣ дастрас аст, аз манобеъи расмӣ додаҳое қобили мулоҳиза дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт.
Ширин Амонзода Шодӣ 5 феврали соли 1978 дар шаҳри Душанбе дар хонаводаи пизишки маъруф Шодӣ Амонов ба дунё омадааст.
Хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон бо ихтисоси забонҳои инглисӣ ва фаронсавӣ (1999), факултаи рушди иқтисодии Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ҷопон (2016) бо ихтисоси равобити байналмилалии сиёсӣ мебошад.
Фаъолияти худро минҳайси ассистенти кафедраи методикаи омӯзиши забони инглисии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон (1999-2002) шурӯъ карда, баъди хатми аспирантура (2001-2002), рисолаи номзадиашро дар мавзӯъи “Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” дар Инглистону Амрико” ҳимоя кардааст. Номзади улуми филологӣ (2004), Барандаи ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон аст (2008).
Дар мавзӯъҳои "Сиёсати давлатии банақшагирии сайёҳӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти миллӣ" (Ҷопон, 2016), "Таърихи омузиши назми Шарқ дар Англия ва Амрико" (Душанбе, 2004), муаллифи мустақили як қатор мақолаҳои илмӣ дар доираи "Муколамаи тамаддунҳо" "(1999-2004) ва ғайра пажӯҳиш гузаронидааст.
Ширин Амонзода солҳои 2000 - 2004 дар Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (Душанбе, 2000 - 2001), Кумитаи шветсиягии Афғонистон (Душанбе - Афғонистон, 2001-2004), Дафтари Комиссари Олии Созмони милали муттаҳид дар умури паноҳандагон (Душанбе, 2004) ва Намоишгоҳи Ҷаҳонии Айчӣ (Ҷопон, 2005) дар вазифаҳои масъул фаъолият намудааст.
Аз соли 2007 то 2017 дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассис дар Хадамоти протоколӣ (2005-2007), Раёсати ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷи дур (2007-2012) ва Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ (2012-2017) кор кардааст.
Соли 2017 муовини раис ва аз 27 январи соли 2020 раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуд.
Ширин Амонзода ба истиснои забони модарӣ, донандаи хуби забонҳои русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ ва модари ду фарзанд мебошад.
Стартапер
Ширин Амонзода яке аз аввалин стартаперҳо дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки роҳи рушди сайёҳиро ҳамчун як бахши алоҳидаи таҳкими нерӯи зеҳнӣ, тақвияти иқтидор, рушди инфрасохтор, ҷалби сармоягузорӣ, беҳтар намудани сифати хизмат ва рушди сайёҳӣ пешниҳод намудааст.
Яке аз муаллифони Стратегияи рушди сайёҳӣ дар давраи то соли 2030 дар Тоҷикистон, ки ҷанбаҳои гуногуни соҳаи сайёҳиро аз ҷумла, бо баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо, содда кардани судури бақайдгирӣ ва ба расмият даровардани раводид, иҷозатномадиҳӣ ба соҳибкории сайёҳӣ, ташкилотҳои идоракунӣ дар минтақаҳои кишвар ва дигар ҷанбаҳои муҳими рушдкунандаи саноати сайёҳӣ фаро мегирад.
Дар асоси ин стратегия, маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд ва Бонки ҷаҳонӣ барои маблағгузории аввалин лоиҳаҳои рушди сайёҳӣ ва рушди иқтисодиёти деҳот бо ҷалби мушовирони байналмилалии Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ ҷалб карда шудаанд.
Сафҳаи фейсбукии Ширин Амонзода як гуна муаррифии гӯшаву канори мухталифи Тоҷикистон дар аксу видеоҳо аст, ки худи ӯ шахсан сафар карда, сабти таърих намудааст.