Террор байни одамону динҳо ихтилоф андохта наметавонад: Путин дар бораи ҳамлаҳо дар Вена

Президенти Русия Владимир Путин ҳамлаҳои хунини шаби гузашта дар Венаро маҳкум кард ва гуфт, ки террористҳо ба мақсад намерасанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба президенти Австрия Александр Ван дер Беллен ва садри аъзами кишвар Себастиан Куртс дар пайи ҳамлаҳои террористӣ дар Вена барқияи таслият ирсол кард.

Шаби ҳамлаи террористии хунин дар Вена - аксҳо аз ҷои ҳодиса

Дар он Путин ҳодисаро бераҳмона ва беномусона номид.

"Роҳбари Русия ин ҷинояти бераҳмона ва беномусонаро шадидан маҳкум кард, ки бори дигар моҳияти ғайриинсонии терроризмро таъйид мекунад. Ӯ изҳори боварӣ кард, ки бо қувваи террор касеро наметавон тарсонад ва байни одамону динҳои гуногун ихтилоф андозад", - шарҳ додаанд дар Кремл.

Ҳамлагари Вена ҷангҷӯйи ДИ* будааст

Путин ба пайвондон ва наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кардааст ва ба ҷароҳатбардоштагон шифои комилу оҷил таманно кардааст.