Пешбинии дақиқи обуҳавошиносон аз тирамоҳи гарм ва то 26 дараҷа ҳарорат

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22+24 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон бошад, ҳарорат то 26 дараҷа мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22+24 дараҷа гарм мешавад.  

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.

"Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  4 дараҷа хунук- 1 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 12 то 17 дараҷа хунук ва рӯзона 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад", - менависад "Ховар" дар истинод ба манбаъ.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм  мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  0-5 дараҷа  хунук ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шимолу шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шимолу шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. 

Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук ва   2  дараҷа хунук ва рӯзона 14+19 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шимолу шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2 ва  рӯзона 22+24 дараҷа  гарм мешавад.