Беҳтарин ҳунармандони армуғонсози Хуҷанд муайян шуданд

Дар озмуни мазкур довталабон-ҳунармандон маҳсулоти дастии худро, аз ҷумла, кордҳо, ороишоти аз мўҳра бофташуда, қолинчаҳо ва дигар осори рассомиро, ки ҳамчун армуғон аз ҷониби сайёҳон харидорӣ мешаванд, ба намоиш гузоштанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik.  Беҳтарин ҳунармандони армуғонсози Хуҷанд муайян шуданд, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

Гуфта мешавад, дар "Кохи фарҳанги Суғдиён" -и шаҳри Хуҷанд Озмуни шаҳрии "Истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон" баргузор гардид. 

Аҳмадзода ба 60 нафар зонону духтарони ҳунарманд маблағҳои грантӣ дод

Ҳайати ҳакамон натиҷаи озмунро ҷамъбаст намуда, беҳтарин ҳунармандони армуғонсозро  муайян  карданд. 

"Ҷои якумро ҳунарманд Матлуба Ниёзова, мақоми   дуюмро  Мавҷуда Ҳакимова ва ҷои сеюмро   Мақсудҷон Бобоев соҳиб гардиданд. Ғолибон  бо "Диплом" ва мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Дар озмуни мазкур  довталабон-ҳунармандон  маҳсулоти дастии худро, аз ҷумла,  кордҳо, ороишоти  аз мўҳра бофташуда, қолинчаҳо ва дигар осори  рассомиро, ки ҳамчун   армуғон аз ҷониби сайёҳон харидорӣ мешаванд,  ба намоиш гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки озмуни шаҳрии "Истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон"  ҷиҳати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон гардидани солҳои 2019-2021 бо қарорҳои Раиси вилояти Суғд  ва  Раиси шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардидааст.

Тақдими 3 то 8 ҳазор сомонӣ ба занони ҳунарманд дар Хуҷанд

Ҳадаф аз баргузории он ҳавасмандгардонии ҳунармандони мардумӣ ва рушди ин соҳа дар мамлакат мебошад.