Тамрини нафақахӯри 77 - солаи чинӣ, ҷавонмардонро метавонад ба ваҷд орад - навор

Пяо Шанюан ҳарчанд 77 сола дорад, аммо қувваи бозуи ӯ ба монандаи ҷавонони тануманд аст. Нафақахӯри чинӣ наворҳои тамрини худро ба шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуда, корбаронро ба ваҷд меорад
Sputnik

Шаҳрванди 77 - солаи Чин Пяо Шанюан ба мисли ҷавонони тануманд метавонад дар ба аснои дорбозӣ карданд пай дар пай даҳҳо гардишро иҷро кунад.

Аз тансор диско ҳам зӯртар: рақси мӯйсафед дар Наврӯз-навор

Шанюан пас аз ба нафақа баромадан, ба тамринкунӣ шурӯъ намуд. Номбурда собиқ низомӣ буда, дар нерӯҳои ҳавоии Чин хидмат мекард.

Ҳоло ӯ бо завқ зиндагӣ мекунад ва муваффақиятҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона қисмат мекунад. Ҷараёни тамрин кардани ин мӯйсафеди бақувватро ҳудуди 260 ҳазор тамошобин назорат карда, назарҳои худро зери наворҳо мекоранд.

Шанюан мегӯяд, бо ин амалаш мехоҳад нишон диҳад, ки инсон новобаста аз синну сол метавонад пайваста машқи бадан кунад.