Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳам ба худҷудоӣ рафт

Роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Адханом Гебрейесус бинобар тамос бо нафари мубталои коронавирус, ба худҷудоӣ рафт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Тедрос Адханом Гебрейесус роҳбари СҶБ низ ба қарантин рафт. Дар ин бора худи Тедрос хабар  дода, изҳор намудааст, ки бо нафари мубталои коронавирус тамос доштааст.

Афзоиши фавт аз коронавирус дар Қирғизистон: 111 бемор дар ҳолати вазнин қарор доранд

Ба гуфтаи вай, ҳарчанд ягон аломати ин бемориро надорад, вале тибқи қавонини СҶБ бояд ба худҷудоӣ равад.

Ҳамакнун фаъолияташро аз хонаи худ идома медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки мавориди фавт аз коронаваирус дар Урупо давоми чанд ҳафтаи ахир рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

"Зарур аст, ки ҳамаи мо дастурҳои саломатиро риоя кунем. Ба ин роҳ, мо занҷирҳои интиқоли COVID-19-ро мешиканем, вирусро пахш мекунем ва системаҳои тандурустиро ҳифозат менамоем",- таъкид намудааст роҳбари СҶБ.