ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои ин ниҳод, таҳлили муроҷиатҳои андозсупорандагон шаҳодат медиҳад , ки сарфи назар аз талаботи қонунгузорӣ, таъкидҳои пайваста ва дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбарияти Кумитаи андоз, ҳоло ҳам кормандони мақомоти ҳудудии андоз дар муносибат бо шаҳрвандон ва андозсупорандагон дар б а ъ з е ҳол а т ҳо т а л а б от и муқарраршуда ва одоби хизматиро риоя наменамоянд.
Ба иттилои манбаъ, дар нуҳ моҳи соли 2020 тавассути рақами телефонии “151” ва рақами телефони боварии Раиси Кумитаи андоз 185 адад арзу шикоят ворид шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71 адад ва ё 38,4% кам гардидааст.
“Шикоятҳо бештар оид ба масъалаҳои сари вақт иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ аз ҷониби кормандони мақомоти андоз ва дағалона рафтор намудани онҳо, шикоятҳои беном оиди бе қайди мақомоти андоз анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ва аз тарафи соҳибкорон ҳангоми муомилоти пулӣ истифода нашудани мошинҳои назоратӣхазинавӣ, инчунин, мавҷуд будани ҳолатҳои ришваситонӣ аз ҷониби кормандони мақомоти андоз ворид гаштаанд”,-афзудааст манбаъ.
Нақша иҷро нашуд: Кумитаи андоз калонтарин "андозгурезон"-ро гуфт
Манбаъ мегӯяд, шумораи шикоятҳои воридгардида ба мақомоти ҳудудии андози шаҳри Душанбе 45 адад (24,3%), вилоятҳои Суғд 39 адад (21,1%), Хатлон 57 адад (30,8%), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 38 адад (20,5%) ва дастгоҳи марказии Кумитаи андоз 6 адад (3,2%) рост меояд.
“Инчунин, дар ин давра аз ҷониби андозсупорандагон нисбати 11 корманди мақомоти андоз думаротибагӣ шикоят ворид гардидааст”,-афзудааст, Кумита.
Ин ниҳод гуфтааст, дар нуҳ моҳи соли 2020 барои дар сатҳи дахлдор риоя ва иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, дағалона вайрон намудани муқаррароти Кодекси одоби касбии кормандони мақомоти андоз ва роҳ додан ба дигар камбудиҳо, дар асоси 100 арзу шикоят ба 58 корманди мақомоти андоз муҷозоти гуногуни интизомӣ татбиқ карда шуд.