ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Шоми дирӯз дар Туркия заминҷунбии мудҳише рух дод, ки Юнонро ҳам такон дод.
Бино ба гузориши охир дар паи ин заминларза дар Туркия 25 кас ба ҳалокат расида беш аз 800 нафар захмӣ шудаанд.. Дар Юнон 20 нафар ҷароҳатдор ва ду тан ба ҳалокат расидааст.
Қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 7 баллро ташкил додааст. Пас аз чанде марказҳои зилзиласанҷӣ боз рави заминро бо қувваи 5 балл ба қайд гирифтаанд.
Мудҳиштарин заминларза дар Тоҷикистон: фоҷеаи Ҳоит
Бо вуҷуди ихтилофи миёни кишварҳо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва сарвазири Юнон Кириакос Митсотакис телефонӣ суҳбат кардаанд.
Дар шаҳри Измир корҳои бартарафсозии харобаҳо идома дорад.
Барои ҷустуҷӯи ҷасадҳо дар баробари кормандони мақомот ихтиёриён низ кумак мекунанд.
Ҳамчунин Иттиҳоди Урупо, НАТО, Фаронса, Эрон, Озарбойҷон, ИМА, Бритониё ва Чили омодагии худро барои кӯмак изҳор доштаанд.