Дар вилояти Суғд 459 иншооти соҳаи тандурустӣ таъмир мегардад

Дар нӯҳ моҳи соли равон дар вилояти Суғд, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 64 оншооти тандурустӣ ба итмом расонида шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар вилояти Суғд давоми солҳои 2019-2021 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 459 иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст.

Шиносоии раиси Суғд бо ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, аз ин шумора 64 адад беморхонаҳо, 118 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 86 адад марказҳои саломатӣ, 18 адад таваллудхонаҳо, 101 адад нуқтаҳои хатна ва 72 адад дорухонаҳо мебошанд.

Бино ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Суғд, соли 2020 бояд, 123 адад иншооти соҳаи тандурустӣ , аз ҷумла 15 адад беморхонаҳо, 39 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 20 адад марказҳои саломатӣ, 5 адад таваллудхонаҳо, 13 адад нуқтаҳои хатна ва 31 адад дорухонаҳо бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими онҳо ба итмом расонида шавад.

"Дар нуҳ моҳи соли равон сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тамими 64 адад иншоотҳои тандурустӣ, аз ҷумла 10 адад беморхонаҳо, 16 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 14 адад марказҳои саломатӣ, 2 адад таваллудхона, 8 адад нуқтаҳои хатнаи кӯдакон ва 14 адад дорухонаҳо ба итмом расонида шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ба муносибати истиқболи сазовори 30-солагии истиқлол корҳои ободонию созандагӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармим дар тамоми муассисаҳои тандурустии вилоят идома дорад.