Ҳабиб амали Макронро маҳкум кард: "мо пайғамбарамонро беш аз ҳама дӯст медорем"

Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи муҳорибаҳои омехта рафтори президенти Фаронса Эммануэл Макронро нисбати пайғамбари ислом Муҳаммад (с) шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар саҳифааш дар Instagram аз ояти Қуръонӣ мисол оварда, акси президенти Фаронса Эммануэл Макронро бо изи пой нашр кард ва ӯро бадтарин махлуқ хонд.

"Бигзор Худои Таъоло чеҳраи ин махлуқ ва тамоми пайравони ӯро, ки зери шиори озодии сухан, эҳсоси беш аз якуним миллиард мусалмонро таҳқир мекунанд, зишт гардонад.  Бигзор Худо онҳоро дар ҳаёт ва дар охират хор созад. Худо дар ҳисобот зуд аст ва шумо инро хоҳед дид", - навиштааст Ҳабиб.

Ӯ афзуда, ки мусалмонон пайғамбарашон Муҳаммад (с) - ро беш аз ҳар касе дӯст медоранд.

"Мо мусалмонон, Паёмбарамон Муҳаммад (с) -ро аз модарон, падарон, фарзандон, ҳамсарон ва ҳамаи одамони ба диламон наздик, бештар дӯст медорем. Бовар кунед, ин иғвоҳо ба онҳо бармегарданд, оқибати хуб ҳамеша барои парҳезгорон аст", - навиштааст қаҳрамон.

Тазоҳурот дар Теҳрон пас аз шарҳи Макрон дар бораи Ислом - навор

"Душмани ислом ҳастӣ": муфтии Чеченистон кишвардори Фаронсаро террористи рақами як гуфт

Ёдовар мешавем, чанде пеш дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса, ки дар 27-километрии Порис ҷойгир аст, сари омӯзгори коллеҷро аз тан ҷудо намуданд. 

Профессор матолибҳои нашркардаи Charlie Hebdo-ро бо донишҷӯён муҳокима кард ва инчунин ба онҳо карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) - ро нишон медод.

Қотили ӯ шаҳрванди 48 - солаи Алҷазоир буда, дар коллеҷи мазкур яке аз фарзандони ӯ таҳсил мекард.

Дар робита ба ин қазия, раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ба тамоми фаронсавиҳо супориш дод, ки карикатураи пайғамбарро дар тамоми идораҳои давлатӣ овезон кунанд.

Ин амали Макрон боиси нигаронии ҷомеаи мусалмонон гардид.