Муруре ба таърих: 7 акси ҷолиб аз маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш

Sputnik

Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон он замон 16 ноябр пуршукӯҳ баргузор карда шуд.

Маросими мазкур дар Қасри Миллат оғоз гардида, дар Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт ва дар майдони Дӯстии пойтахт бо савгандёдкунии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поён расид.

Роҳбандиҳо ҳангоми савганди Раҳмон дар Душанбе: эълони ВКД

Дар толор аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва намоядагони аҳли ҷомеа ҳузур доштанд.

Бо эълони наттоқ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба толори тантанаҳои савгандёдкунӣ зери оҳанги мутантан ва марши ифтихорӣ ворид шуда буд.

Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба болои подиум баромада, баъди эълони наттоқ мутобиқи Констиутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дасти рост ба болои Констиутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд кард.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чанд қадам қафо рафта, бо нимтаъзим Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бӯса намуд.

Далелҳои камёфт дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ин лаҳза ба марҳилаи нави роҳбарии давлат расман ворид шуд, дар назди ҳозирин суханронӣ намуда буд.

1 / 7
Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
2 / 7
Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
3 / 7
Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
4 / 7
Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
5 / 7
Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
6 / 7
7 / 7
Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш