Маросими савгандёдкунии президент - расман ба иҷрои вазифаи президенти Тоҷикистон шурӯъ намудани Эмомалӣ Раҳмон аст.
Он чун анъана дар Қасри миллат сар мешавад ва дар Қасри Сомон ва майдони Дӯстӣ идома меёбад.
Ин маросим одатан бо супурдани шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Суди Конститутсионии кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад.
Раисҷумҳур дасти рост ба болои Сарқануни Тоҷикистон гузошта, савганд ёд мекунад.
Ёдрас мешавем, интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ 5 номзад аз аҳзоби мухталифи кишвар вориди рақобат шуда буданд.
Роҳбандиҳо ҳангоми савганди Раҳмон дар Душанбе: эълони ВКД
Дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд ва боз барои 7 соли дигар президент интихоб гардид.