Пизишкони "Истиқлол" ҷарроҳиеро анҷом доданд, ки то ҳол дар Тоҷикистон набуд

Маъмулан дар Тоҷикистон кӯдаконе, ки бо нуқси модарзоди сурхрӯдаи басташуда таваллуд мешуданд, умри дароз ба сар намебурданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik.Ҷарроҳони муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" аввалин маротиба дар таърихи тибби муосири тоҷик ҷарроҳиро вобаста ба нуқси модарзоди сурхрудаи басташуда анҷом доданд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд шуд: вазир гуфт, ин гувоҳи рушд аст

Ба иттилои манбаъ, қаблан кӯдакони бо чунин нуқси модарзод таваллудшуда, имкони ками  зинда монданро доштанд, зеро, анҷоми чунин амалиётҳо  бениҳоят нозуку мураккаб мебошанд.

Акнун, барои маротибаи нахуст ба ду кӯдак чунин амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд ва онҳо зинда монданд.

"Ду кӯдакро пас аз таваллуд бо нуқси сурхрудаи модарзод ба  Маҷмааи тандурустии "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе оварданд. Амалиёти таърихӣ бо муваффақият гузашт, ки инро табибони тоҷик ҳамчун як дастоварди назарраси соҳаи тандурустии мамлакат арзёбӣ менамоянд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, қаблан табибони тоҷик барои анҷом додани чунин ҷарроҳӣ дар шаҳри Санкт-Петербург донишашонро бар пояи технологияи муосири тиббӣ такмил доданд.

Акнун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ дар қатори давлатҳои пешрафтаи олам, ба монанди Русия, Чин,  Олмон ва дигар мамолики пешрафта ҷарроҳии сурхрудаи модарзоди кӯдакон гузаронида хоҳад шуд.