Пешгӯии коршиносон: қурби доллар ва рубл дар ноябр чанд хоҳад буд?

Коршиносон қурби рубл, доллар ва евроро дар ноябр, охирин моҳи тирамоҳи 2020 пешгӯӣ намуданд, ки ду равиш дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Болоравии қурби доллар ва евро нисбати рубл дар моҳи ноябр метавонад идома ёбад, навиштааст  "Российская газета" аз қавли таҳлилгари асосии Forex Optimum, Иван Капустянский.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

Манбаъ афзудааст, ки дар сурати манфии ҳаводис, қурби доллар то 82 рубл боло хоҳад рафт ва евро аз 93 рубл хоҳад гузашт.

Дар сурати мусбат қурби доллар то 74-76 рубл поин хоҳад рафт ва арзиши евро на баландтар аз 89 рубл хоҳад буд.  

Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон дар Русия садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ кор мекунанд ва масъалаи қурб барои онҳо низ муҳим мебошад, чун аксарашон бо рубли русӣ маош мегиранд. Инчунин таносуби қурби доллару рубл ба арзиши пули миллӣ дар Тоҷикистон таъсир дорад. 

Капустянский тавзеҳ додааст, ки ба қурби рубл дар моҳи ноябр натиҷаи интихоботи раисиҷумҳури ИМА ва сатҳи дастгирии қурб аз ҷониби Бонки марказии Русия таъсир хоҳанд дошт.

Раиси “Амонатбонк”: “Долларҳои “таги болишт” фоида надоранд”

Ӯ илова намудааст, ки барои устувории қурби рубл воридоти асъори хориҷӣ ба бозор аз ҷониби Бонки марказӣ дар ҳаҷми 195 миллиард рубл мусоидат хоҳад кард. Инчунин фурӯши асъори ширкатҳои давлатӣ кумак хоҳад кард, ки бо дастури Ҳукумат ҳифзи мавқеъи асъорро бояд дар сатҳи соли 2018 дастгирӣ намоянд.

Богданов дар бораи афзоиши рубл нисбат ба сомонӣ: барои Тоҷикистон ин бад нест

Коршинос афзудааст, ки интихоботи раисиҷумҳури ИМА низ ба қурби рубл таъсир хоҳанд дошт, ки раисиҷумҳури нави ИМА нисбати Русия чигуна мавқеъгирӣ хоҳад кард. Инчунин аз натиҷаи интихобот ҳаҷми кумак ба иқтисодиёти ИМА низ вобаста мебошад, ки амалан ба қурби доллар, аз ҷумла нисбати рубл таъсир хоҳад дошт.