Сабаб номаълум: парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дубора ба таъхир афтоданд

Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рўзи 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.  Азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки қарор буд аз рӯзи 28 октябр оғоз гардад, дубора ба таъхир афтодааст.

Ҳавопаймои ширкати рӯсӣ баъд аз нишасти изтирорӣ дар Тошканд, ба самти Душанбе парвоз кард

Ба гузориши "Парс тудэй" дар истинод ба сомонаи Ахбори осиёи Марказӣ, мақомоти ин ду кишвар тавофуқ карда буданд, ки парвозҳои муназзам миёни Душанбе ва Тошканд рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта анҷом шавад, ки акнун ин барнома ба таъхир афтодааст.

"Дар сомонаи ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон фурӯши билет ба мақсади Душанбе ба баъд аз рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ эълом шудааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Беш аз сад парвоз то охири моҳ: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Бо ин ҳол, дар бораи иллати таъхири дубораи азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавзеҳе ироа нашудааст.

Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рўз 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад.