Муҳоҷирони беминнат: чаро Русия ба мушкили норасоии ронандаҳо дучор шуд

Дар Русия дар замони ҳамагирӣ арзиши такси як қадар боло рафт: аммо сабаб на танҳо дар бештар шудани талабот ба он, балки камтар шудани таксиронҳо низ ҳаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Бозори такси, хизматрасоние, ки дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия аз он васеъ истифода мебаранд, як қадар поён рафт, мегӯяд коршиноси рус Михаил Хачатурян.

Қадри муҳоҷир: иқтисодиёти Русия бидуни шаҳрвандони хориҷӣ чӣ мешавад?

Ба қавли коршинос, мушкилии асосӣ дар бозори нақлиёт пас аз баста шудани марзҳо ва ихроҷи муҳоҷирон сар зад.

Бештари ронандагон дар ин соҳа - зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд: шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва камтари онҳо шаҳрвандони Русия ҳастанд.

Маълум аст, ки чаро ширкатҳои таксӣ муҳоҷиронро ба кор мегиранд: муҳоҷирон ба пули кам кори бештареро анҷом медиҳанд, нисбат ба шаҳрвандони Русия. Онҳо дар бештари ҳолатҳо аз корфармоён бастаҳои иҷтимоӣ, суғурта талаб намекунанд ва ҳатто бе рӯзҳои истироҳатӣ ва рухсатӣ низ кор мекунанд.

Ҳангоми карантин ба ронандагони такси муяссар шуд, ки даромади иловагӣ ба даст оранд. Зеро хизматрасонии хӯрокрасонӣ фаъолтар шуд.

Полетаев: пас аз пандемия муҳоҷиронро дар Русия корҳои зиёд интизор аст

Ба мусофиркашонӣ донишҷӯён низ ҳамроҳ шуданд, аммо бо сар шудани соли таҳсил, корро бас карданд.

"Пӯшонидани норасоии ронандагон аз ҳисоби муҳоҷирон бо назардошти баста будани марзҳо ғайриимкон шуд. Бо ҳамин сабаб ва ҳамчунин боло рафтани хараҷоти суғуртаи саломатии муҳоҷир, гарон шудани бензин, зарурати гирифтани иҷозатномаи кор сабаби боло рафтани арзиши хизмати такси дар Маскав шуд", - тавзеҳ медиҳад Хачатурян.

Собянин аз норасоии муҳоҷирон дар Маскав гуфт: на ҳама маскавиҳо барои кор омодаанд

Коршинос афзуд, ки норасоии ронандагон бо далели баста будани марзҳо ва набудани имконияти ҷалби қувваи дигари корӣ ба соҳа ба он мерасонад, ки арзиши такси гарон шавад. Болоравии нархро муштариён ҳангоми субҳ ва шом пас аз кор ва рӯзҳои истироҳатӣ бештар ҳис хоҳанд кард.