Танҳо бо роҳи осоишта ҳал мекунем: роҳбари нави Қирғизистон ба қазияи марзӣ вокуниш кард

Дирӯз КДАМ Тоҷикистон изҳор дошт, ки марзбонони қирғиз сокинони ноҳияи Исфараро зери ҳадафи тирашон қарор доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 октября — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Содир Ҷапаров дастур додааст, ки ҳалли масоили марзӣ бо Тоҷикистон тезонида шавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари кишвар.

Баҳс ва тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - шарҳи ҷонибҳо: аксу видео

Ҷапаров рӯзи душанбе бо роҳбари Хадамоти марзбонии кишвар Улуғбек Шаршеев мулоқот карда, масоили ба эътидол овардани вазъро дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ кардааст.

"Содир Ҷапаров таъкид кард, ки бояд масоили мавҷудаи марзиро бо кишварҳои ҳамсоя ҳарчи бештар ҳал кард. Вай таъкид кард, ки ба наздикӣ бо сафари чандрӯза ба вилоятҳои Бодканд, Ӯш ва Ҷалилобод меравад, то дар ҷойи қазия бо мушкилии мавҷуда ошно шавад", - гуфтааст намояндаи котиботи роҳбари кишвар.

Раиси хадамоти марзбонӣ ба иҷрокунандаи вазифаи раёсати ҷумҳурӣ гуфтааст, ки дирӯз дар вилояти Ботканд қазияи дигаре бо истифодаи яроқи оташфишон рух дод.

Раҳбари ВУХ Қирғизистон бо сафири тоҷик масъалаи марзро баррасӣ кард

Ба гуфтаи вай, шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавзеи баҳснок бо таъмири қубури обгузар машғул буданд ва ба талаби марзбонони қирғиз вокуниш накарданд ва бо ҳамин далел ду тир ба ҳаво кушода шудааст.

Пештар дафтари матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон моҷарои 25 октябр дар марз ва тирпаронии сарҳадбонҳои қирғизро шарҳ доданд. 

КДАМ таъкид кардааст, ки ин қитъа қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, марзбонон ба ҷониби сокинон тир кушодаанд, ки иғвогарии навбатии марзбонони қирғиз ба мураккаб намудани вазъият дар хатти сарҳади ду давлат равона гардидааст.

Ҷапаров аҳамияти ҳалли масъалаи муайянсозӣ ва аломатгузории марзро танҳо бо роҳи гуфтушуниди осоишта қайд кардааст.

"Мушкилие нест, ки ҳал нашавад. Ҳамагуна масъаларо метавон бо роҳи гуфтушуниди осоишта ҳал кард", - таъкид кардаст Ҷапаров.
КДАМ Тоҷикистон моҷаро дар марз ва тирпаронии марзбонҳои қирғизро шарҳ дод

Ба гуфтаи вай, "ҳалли ин гуна масъалаҳоро бояд тӯл накашид, то дар оянда аз ин гуна қазияҳо пешгирӣ шавад, сокинони минтақаҳои марзӣ бояд дар фазои осоишта ба сар баранд".

Ҳодисаи 25-уми октябор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нахустин нест. Пештар низ танишҳои марзӣ буданд ва дар натиҷа чанд нафар қурбон низ гаштанд.

Сабаби асосии ин ҳодисаҳо - ин минтақаи муайянношудаи марзист. Тӯли марзи Тоҷикистону Қирғизистон 980 километрро ташкил медиҳад, ки аз он 450 километраш муайян ношуда аст.