Роҳандозии нахустин маркази ҷарроҳии дил барои кӯдакон дар Кобул

Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 120 ҳазор кӯдак дар Афғонистон гирифтор ба бемории дил ҳастанд, ки аз ин шумор ҳар моҳ ҳудуди 100 нафар дар дохилу хориҷи ин кишвар таҳти амали ҷарроҳӣ қарор мегиранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik.  Нахустин маркази ҷарроҳии дил барои кӯдакон дар Кобул, пойтахти Афғонистон роҳандозӣ шуд, хабар медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории ОВО.

Дар Хуҷанд саратонро табобати нурӣ мекунанд: ифтитоҳи маркази нав

Манбаъ менависад, доктор Аҳмад Ҷаводи Усмонӣ-сарпарасти вазорати тандрустии Афғонистон рӯзи сешанбе дар ин бора изҳорот кардааст.

"Оғоз ба кори ин марказ гоми нек дар ҷиҳати пешрафти кишвар ва тавсеъаи хадамоти пизишкӣ дар бахши кӯдакон барои амали ҷарроҳии дил аст", - таъкид кардааст вай.

 Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 120 ҳазор кӯдак дар Афғонистон гирифтор ба бемории дил ҳастанд, ки аз ин шумор ҳар моҳ ҳудуди 100 нафар дар дохилу хориҷи кишвар таҳти амали ҷарроҳӣ қарор мегиранд.

Устондори Кобул: эҳтимол дорад зиёда аз миллион нафар гирифтори коронавирус бошанд

Пештар дар Тоҷикистон низ, дар шимоли кишвар барои табобати бемории саратон Маркази табобати нурӣ ифтитоҳ шуда буд.