Шарҳи Кремл дар бораи пирӯзӣ ва тасмими тарки майдон кардани Ҳабиб

Дар Кремл сабқати Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори русиягӣ ва рақиби амрикоияш Ҷастин Гейҷиро шарҳ доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC дар вазни сабукро бо пирӯзияш бар Ҷастин Гейҷӣ шодбош гуфт.

Пирӯзии Ҳабиб бар Гедҷӣ мардуми Доғистонро ба по хезонд - навор

Ӯ ҳамчунин дар мавриди изҳороти Нурмуҳаммадов дар бораи хатми ҳунарнамоиҳояш дар майдон гуфт, ин интихоби шахсии ӯ мебошад.

“Мо аз пирӯзияш шодем, ӯро шодбош мегӯем. Боқӣ дигар интихоби худи ӯст”, - таъкид кард сухангӯи раисиҷумҳури Русия.

"Коратро ман давом медиҳам": Макгрегор муҳорибаи Ҳабиб бо Гедҷиро баҳогузорӣ кард

Шаби 25 октябр Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар даври дуюми сабқат бо Ҷастин Гейҷӣ бо истифодаи усули буғикунанда пирӯз шуд. Феълан Ҳабиб шикастнодида буда, дар 29 сабқаташ 29 пирӯзӣ дорад.

Дар пайи пирӯзӣ бар Гейҷӣ, Нурмуҳаммадов аз роҳбарияти UFC хост, ӯро дар садри беҳтарин размикорон ҷой диҳанд, чун ӯ арзанда бошад.  Дана Уайт, роҳбари UFC ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар феҳрасти беҳтарин размикорони ҷаҳон мақоми аввалро дод.

Маълум шуд, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз хатми “карера”-аш чӣ кор хоҳад кард-видео

Ҷон Ҷонс, ки то ҳол дар сархати беҳтарин размикорон қарор дошт, аз мақомаш ба фоидаи Нурмуҳаммадов даст кашид.