Муфид аст: шарҳи Путин дар бораи ҳузури ИМА дар Афғонистон

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳузури низомиёни амрикоиро дар Афғонистонро истиқбол карда, аз ҳамкории ду кишвар дар сатҳи хадамоти махсус тавсиф намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз нигоҳи амниятӣ муфид мебошад, изҳор дошт Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия.

Моҷарои Олимпиада - Навалний: ИМА ва Бритониё пурарзиштаринро наҷот медиҳанд

“Ҳузури ИМА дар Афғонистон барои амният муфид мебошад”, - гуфт роҳбари Русия.

Путин инчунин таъкид кардааст, ки Русия аз ҳамкорӣ бо ИМА дар бахши мубориза бо терроризм қаноатманд мебошад.

Ӯ афзуд, ки маълумоти ироанамудаи Вашингтон борҳо имкон дод, ки ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Русия ҷилавгирӣ шаванд.

“Сарфи назар аз мухолифатҳои зиёд дар бахшҳои гуногун, ҳамоно ҳамкорӣ дар сатҳи хадамоти махсус идома дорад... Дар баробари ин амрикоиҳо ба мо маълумоти зиддитеррорро ироа мекунанд”, - илова намуд Путин.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, дар оғози моҳи марти соли равон дар бораи бидуни таъхир хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон изҳорот дода буд. Аз ҷумла дар назар буд, ки теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон тайи 135 рӯз аз 12 ҳазор нафар то 8,6 ҳазор нафар коҳиш дода шавад. Интизор мерафт, ки то интихоботи раисиҷумҳури ИМА теъдоди сарбозони ин кишвар дар Афғонистон ба 4-5 ҳазор нафар баробар карда мешуд.