Ҷаласаи Раҳмонзода дар Вазорати фарҳанг: ба ҷашнҳо сурудҳои нав омода созед

Ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон бо аҳли фарҳанг ҷаласа баргузор карда, дар он дастур додааст, ки ҷиҳати ҷолибтар гардонидани барномаҳои фарҳангии ҷашнҳои дарпешистода омодагӣ бинанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 октябр - Sputnik. Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон ҷаласаи васеъи соҳаи фарҳангу ҳунарро баргузор кард, гузориш медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Вазорати фарҳанг байни драманависон озмун эълон карду ҷои аввалро ба касе надод

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷаласа роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио, роҳбарони муассисаҳои театрию консертӣ, раёсату бахшҳои фарҳанг дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, коршиносони соҳа, оҳангсозон ва коргардонҳо иштирок намуданд.

Зулфия Давлатзода, муовини вазири фарҳанг зикр кардаст, ки Тоҷикистон ба наздикӣ 30-солагии Истиқлолро таҷлил мекунад. Ҳамчунин ҷаласаи ҷашнии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

"Аҳли фарҳангу ҳунарро зарур аст, то барои ҷашнҳои мазкур барномаҳои ҷолибу баландмазмун омода намоянд. Суруду мусиқӣ ва рақсҳои нав бояд эҷод шаванд, ки ҳам ҷанбаи ватандӯстона дошта бошанд ва  ҳам санъати миллиро муаррифӣ созанд ва барои тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳм гузоранд", - таъкид кардааст Раҳмонзода.

Қадрдонии панҷ корманди Вазорати фарҳанг бо медали “Хизмати шоиста”: ном ба ном

Аз ҷумла супориш дода шуд, ки барои дарёфти чеҳра ва истеъдодҳои нав озмунҳои гуногун байни оҳангсозон, сарояндагон, ҳунарпешаҳои рақс баргузор карда шавад.

Зимни ҷаласа инчунин масоили ташкилии чорабиниҳо, ҷалб ва ҳавасманд кардани ҳунармандон, ҳалли мушкилоти соҳа ва дигар  масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, қайд мекунад вазорат.