Тоҷикистон дар 9 моҳ 1,5 миллион ангишт истихроҷ кард

12 ширкати дохилӣ дар ин кишвар ба истихроҷи ангиштсанг машғуланд ва 200 корхона аз ангиштсанг барои тавлиди маҳсулот истифода мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 октябр - Sputnik. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, ки якуним миллион ангиштсанг дар 9 моҳи гузашта аз маъданҳои ин кишвар истихроҷ шудааст.

Шаҳраки ангиштканон - Шӯроб ба оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегардад

Ба гузориши сомонаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши ин мизон ангиштсанги истихроҷ шуда 285 миллиону 700 ҳазор сомонӣ эълом шудааст

Дар соли 2019 дар Тоҷикистон истихроҷи ангиштсанг ба 2 миллион тон расид.

12 ширкати дохилӣ дар ин кишвар ба истихроҷи ангиштсанг машғуланд ва 200 корхона аз ангиштсанг барои тавлиди маҳсулот истифода мекунанд.

Дар Тоҷикистон дар соли 1991, яъне замони истиқлолияти ин кишвар 313 ҳазор тонн ангишт истихроҷ шудааст, ки анкунун ин мизон беш аз шаш баробар афзоиш ёфтааст.

Дар Тоҷикистон аз захоири маъданҳои "Фон-Яғноб", "Шӯроб" дар вилояти Суғд, "Назарайлоқ" дар водии Рашт, "Зидди" дар шимоли шаҳри Душанбе ва "Сайёд" дар дараи Ромит ангишт истихроҷ мешавад.

Захоири шуносоӣ шуда дар 21 маъдани ангишти Тоҷикистон беш аз 3 миллиард тонн эълом шудааст.