ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Президенти Белорус Александр Лукашенко дар рафти сафари кориаш ба минтақаҳои кишвар бо рӯзноманигорон мулоқот кард ва аз интихоботи президентии Тоҷикистон низ гуфт. Дар ин бора телевизиони СТВ гузориш медиҳад.
Ӯ дар посух ба саволҳо дар бораи шӯришҳо дар Белорус аз интихобот дар Тоҷикистон ёдрас шуд.
"Эмомалӣ, дӯсти меҳрубони ман аст. Ман ӯ ва хонаводаашро хуб мешиносам. Дар интихобот бештар аз 91 дар сади овозҳоро ба даст овард. Ин мутлақо одилона аст. Касе ҳатто наҷунбид, касе нашӯрид, дар ҳоле ки кӯшиш карданд кишварро такон диҳанд", - қайд кард президети Белорус.
Вай афзуд, ки дар Тоҷикистон одамоне низ зиёданд, ки метавонистанд вазъро пас аз интихобот тезу тунд кунанд, аммо ҳодисае рух надод.
"Чаро? Чунки онҳо дар миёнаҳои соли 90-ум дар назди чашмони ман, ба қавле дусад ҳазор, ба қавле аз сесад то ниммиллион нафарро аз даст доданд. Он замон дар бораи инқилоби рангин намегуфтанд, он вақт исломгароҳо ғавғо бардошта буданд", - гуфт Лукашенко.
Вай қайд кард, ки шахсан ҳамон вақтҳо ба Тоҷикистон рафта буд.
Далелҳои камёфт дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
"Ва Раҳмон, ки каме аз ман калонтар аст, пурра сабз, бо ҷанг ба Душанбе ворид шуда буд. Аз почааш тир хӯрда буд. Мо он ҷо будем ва худаш нақл карда буд, ки қазия чигуна буд. "Ман, - мегуфт, - бо модарам падруд гуфта будам, зеро намедонистам, ки зинда мемонам". Ва ӯ бо мардум кишварро аз исломгароҳо тоза кард", - ба ёд меоварад президенти Белорус.
Лукашенко афзуд, ки мардуми Тоҷикистон, ки аз даҳшатҳои ҷанг гузаштаву хуб дар хотир доранд, маҳз барои ҳамин раисҷумҳури амалкунандаи Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд.