ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Ҳукумати ВМКБ теъдоди хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ё худ оилавиро 15 ҳазору 844 адад гуфта, фаъолияти онҳоро ноустувор ва нокифоя хондааст.
Бар асоси иттилоияи нашркардаи мақомоти ВМКБ, гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва таҷдиди хоҷагиҳо - ташкили кооперативҳои истеҳсолию колхозҳо зарур аст. Манбаъ илова намудааст, ки инчунин зиёда аз 1300 гектар замин солҳои дароз дар зери сохтмон ҳастанд, вале ҳанӯз аз ҳисоботи омори замини кишт бароварда нашудаанд
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ, барои истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда ва таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ ташкили ассотсиатсияҳо ва кооперативҳои деҳқониро пешниҳод карда буд.
“Хочагиҳои деҳқонии инфиродӣ имрӯз дар вилоят зиёда аз 16 ҳазор ҳастанд, вале ҳиссаи ҷамъи замин ба ҳар яки онҳо 0,10 ҳисса мерасад. Ба ин хотир ассотсиатсияҳо ё кооперативҳои хоҷагиҳои деҳконӣ таъсис додан зарур аст. Ин омил имкон медиҳад, на танҳо ҳисобу китоби фаъолият, балки тавлиди зиёди ҳосили рӯёнда ва андозбандии онҳо, ҳамзамон хизматрасониҳои дигар ба онҳо беҳтар ба роҳ монда мешаванд", - омада буд дар изҳороти Файзов, ки котиботи ҳукумати ВМКБ нашр карда буд.