Раҳимов дар бораи бозиҳои аввали дастаи КФ "Уфа": вазъ осон нест

Сармураббии бошгоҳи футболи "Уфа" Рашид Раҳимов дар бораи таассуроти худ пас аз бозиҳои аввал бо дастаи нав сӯҳбат кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Рашид Раҳимов, собиқ футболбоз ва мураббии шинохтаи тоҷик, пас аз таъин шуданаш ба вазифаи сармураббии дастаи “Уфа”-и Бошқирдистон аллакай ду бозӣ гузаронид.

Ситораи футболи тоҷик Рашид Раҳимов аз шартномааш бо бошгоҳи "Уфа" ва нақшаҳояш гуфт

Дар бозии аввал тими Раҳимов дар доираи Премер Лигаи Русия аз дастаи “Локомотив” бо ҳисоби 1:0 шикаст ёфт ва дар бозии дуввумаш тими дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Русия бо ФК "Чертаново" – ро 4: 0 шикаст дод.

Дар чунин вазъ гуфтан душвор аст, ки чӣ гуна таассурот метавонад бошад, гуфт мураббии футбол Рашид Раҳимов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

"Вазъият, бояд бигӯям, осон нест. Ва дар робита ба имкониятҳои ба даст овардани бозигарон вақт нест. Ҳоло танҳо агентҳои озод ҳастанд, аммо дар байни онҳо бозигарони ҳирфаӣ ёфтан хеле мушкил аст", - гуфт мураббии футбол.

Раҳимов афзуд, ки на ҳама футболбозони касбӣ ба бозӣ дар тиме, ки дар зинаи охирини Премер Лигаи Русия  ҷойгир аст, омодаанд.

"Даста дар зинаи паст қарор дорад, албатта, чизи зиёдеро бояд тағйир дод. Аз ин рӯ, танҳо як нақша ҳаст - ҳарчӣ зудтар боло рафтан ва мавқеъро дар Премер Лига нигоҳ доштан", - гуфт мураббӣ.

Дар оғози кор бо тим аз бозӣ қонеъ шудан мумкин нест, алахусус агар бохте дошта бошед, илова кард Раҳимов.

Рашид Раҳимов, мутахассиси шинохтаи тоҷик сармурабии тими "Уфа" шуд

"Албатта, лаҳзаҳои мусбӣ буданд, аммо дар ниҳоят ҳама чиз натиҷаро муайян мекунад. Метавон лаҳзаҳои хубро ҳамчун асос қабул кард, аммо дар айни замон дарк мекунӣ, ки боз чӣ қадар беҳтар кардан лозим аст", - хулоса кард мураббӣ Рашид Раҳимов.