Мунтахаби футболи Тоҷикистон мавқеашро дар рейтинги ФИФА аз даст дод

Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги дастаҳои футболи ҷаҳонро нав кард, ки бар асоси он ҷойгоҳи Тоҷикистон низ дар ин рӯйхат тағйир ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik.  Тибқи раддабандии нави ФИФА Тоҷикистон тайи 3 моҳи ахир як зина мавқеашро аз даст дод.

Ҳайати яккачини кишвар барои рақобати дӯстона бо Баҳрайн ва АМА дақиқ шуд

Дар раддабандиҳои се моҳи гузашта Тоҷикистон дар ҷойи 121 қарор дошт ва ҳамакнун дар зинаи 121 қарор гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ба мавқеи Тоҷикистон дар раддабандӣ ягона бозии дӯстонаи тими миллии кишвар бо яккачини Ӯзбекистон, ки бо бохт анҷом шуд, таъсир кард.

Миёни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Ӯзбекистон мавқеи беҳтаринро ишғол карда, дар ҷойи 84 қарор гирифтааст.  Қирғизистон бошад дар зинаи 96, Қазоқистон дар ҷойи 119 ва  Туркманистон бшад, мавқеи 129-умро соҳиб шудааст.

Шикасти мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ аз дастаи Ӯзбекистон-видео

Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои дастаи мунтахаби миллии ҳар кишвар дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.