ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Ҷаласаи сеюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки қаблан дар Қирғизистон ба нақша гирифта шуда буд, бинобар пандемияи коронавирус ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд, гуфт вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов.
Ба гуфтаи ӯ, ин мулоқот эҳтимолан дар Туркманистон баргузор хоҳад шуд.
"Мутаассифона, бинобар ҳолатҳои марбут ба коронавирус ва номуайянии давомдор дар бораи замони рафъи ин пандемия, дар гумон аст, ки то охири соли равон ҷаласаи сеюми машваратӣ баргузор карда шавад",- гуфт Комилов.
Комилов гуфт, ки Туркманистон пешниҳод кардааст, ки мулоқоти сеюм дар соли 2021 дар ин кишвар баргузор шавад.
"Мо, ки ҳамраиси шӯрои машваратӣ ҳастем, ин пешниҳоди Туркманистонро комилан дастгирӣ мекунем ва умедворем, ки нишасти навбатии машваратии Осиёи Марказиро бо як барномаи васеъ ва пурмазмун баргузор мекунем", - гуфт ӯ.
Ӯ гуфтааст, ки пас аз нишаст дар Туркманистон, бозгаштан ба пешниҳоди Қирғизистон дар бораи ташкили нишасти машваратӣ дар Бишкек имконпазир хоҳад буд.
"Ин маънои онро надорад, ки кишварҳои минтақа дар роҳи банақшагирифташудаи ҳамкориҳои минтақавӣ суст шудаанд", - илова кард Комилов.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамкориҳои бисёрҷониба барои ҳамаи панҷ давлати Осиёи Марказӣ афзалиятнок аст.