Коронавирус: Сомон ва Комроншоҳ ба мусобиқаи Grand Slam нарафтанд

Сафари ҳарду низ ба ин мусобиқаи пурнуфуз лағв шудааст. Яке бо далели набудани парвоз ва дигаре бо сабаби коронавирус натавонистанд дар сабқат ширкат кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Комроншоҳ Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков, ду варзишкори тоҷик, ки бояд Тоҷикистонро дар озмуни Grand Slam Hungary дар Венгрия намояндагӣ мекарданд, дар сабқат иштирок намекунанд.

Танҳо Комроншоҳ ва Сомон: ширкати ду паҳлавони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузурги Будапешт"
Ин хабарро ба АМИТ "Ховар" аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон тасдиқ кардаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, Комроншоҳи Устопириён бо сабаби лағви парвозҳои ҳавоӣ ба макони баргузории мусобиқа сафар карда натавонист.

"Инчунин бинобар сабаби ошкор шудани бемории COVID-19 дар бадани мураббии Сомон Маҳмадбеков ба ӯ низ иҷозат дода нашуд, то дар мусобиқа иштирок кунад", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Ҳамин тавр аввалин мусобиқа оид ба ҷудо  баъд аз эҳёи рақобатҳо аз намуди ҷудо бе иштироки паҳлавонон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Мавқеи Сомон ва Комроншоҳ дар радабандии ҷаҳонӣ як зина поён шуд

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии  ҷудо, дар Гранд Слами Будапешт 459 варзишгар аз 69 давлат барои дарёфти роҳхати олимпӣ иштирок хоҳанд кард.

Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо, Мариус Визер баргузории мусобиқаи  Гранд Сламро  рӯйдоди таърихӣ хондааст.

Чунин мусобиқаи рейтингӣ 11-13  декабр дар шаҳри Токиои Япония бо номи Tokyo Grand Slam 2020 доир мегардад. Пас аз чанд моҳи маҳдудият ниҳоят ҷаҳон дари худро ба сӯи оянда боз мекунад ва варзиш барои оғози марҳилаи нав беҳтарин тадбир мебошад.