Вазорат: Нақшаи даъват 89% иҷро шуд, касе аз “облава” шикоят накардааст

Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 89 дарсади нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи артиш хабар медиҳад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 октябр - Sputnik. Аз ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, тайи 20 рӯзи даъват дар баробари вилояти мухтори куҳистони Бадахшон (ВМКБ) нақшаи даъватро шаҳри Душанбе низ сад фисад иҷро кард.

Шаҳодатномаи ронандагӣ – василаи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Кӯлоб

Тибқи иттилои манбаъ, нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 91%, дар Суғд 80%  ва навоҳии тобеи марказ 92%  иҷро шудааст.

Манбаъ мегӯяд, то ҳол ба унвонии ин вазорат ягон шикоят аз облава ворид нашудааст ва масъалаи даъвати имсола нисбати солҳои пеш дар сатҳи беҳтар ба роҳ монда шуда шумори ихтиёриён бештар шудааст

Дар Бадахшон ҷавононро пеш аз хизмат ронандагӣ меомӯзонанд

Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш якуми октябр шурӯъ гардида, то ноябр идома хоҳад кард. Имсол ҷавонони соли таваллудашон 1993-2002 ба хидмати ҳарбӣ мераванд.