Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Баёнхати тӯйдорон, манъи аксгирӣ ва иҷозаи 4 кас дар ЗАГС : қоидаҳои нави тӯй дар Хуҷанд

Масъулони ҳукумати шаҳри Хуҷанд зимни баргузории як ҷаласа иттилоъ додаанд, ки 45 % - и гирифторони коронавирус ҳангоми иштирок дар туйю маъракаҳо сироят шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Ба ин далел Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар ҷаласа аз масъулини сохторҳои ҳукумат тақозо намуд, ки ба хотири коҳиш ёфтани вазъи бемории COVID-19, баргузории маърака ва туйҳои арӯсию домодиро бештар ба назорат гиранд ва муқарраротҳои нав ҷорӣ намоянд.

"Гурӯҳҳои корӣ бинед, агар мардум тартибро риоя накунанд, маҷбур мешавем баргузории туйю маъракаҳоро манъ кунем. Дар вақти иҷозат додан ҳатман аз соҳибони туй баёнхат барои вайрон накардани танзими иштирокчиёни маъракаро гиред. Баъзеҳо бо 200 - 300 сомонӣ ҷарима халос мешавам гуфта, танзим дар замони пандемияро риоя намекунанд. Агар чунин рафтор кунанд, минбаъд ҷаримаро сахтар мекунем", - гуфт Муҳаммадзода.

Дар ҷаласае, ки дирӯз фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд давоми нуҳ моҳи соли равон натиҷагирӣ мешуд, масъулин бештар сари мавзӯъи хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 тамаркуз карданд.

"Як духтар дорам, чӣ хел бе тӯй шавҳар диҳам?" Чаро Кумитаи дин туйро манъ накардааст

Дар ҷараёни иҷлосия аз ҷониби масъулини ҳукумат иттилоъ дода шуд, ки 45 % - и гирифторони коронавирус дар Хуҷанд, аз ҳисоби иштирок дар туйю маъракаҳо сироят ёфтаанд ва 28 % - и манбаъи беморон, аҳли хонаводаи онҳо маҳсуб мешаванд.

Масъулони ҳукумати Хуҷанд теъдоди гирифторони бемории "вируси карона" -  ро шарҳ дода, гуфтанд, ки аз оғози сабти пандемияи каронавирус то имрӯз дар шаҳри Хуҷанд, 4 ҳазору 650 мавриди сирояти беморӣ ба қайд гирифта шудааст, аз ин шумор 3114 нафар дар ду беморхонаи Суғд ва таваллудхонаи Хуҷанд табобат гирифта, ҳамзамон 1536 нафар дар зери муоинаи амбулатории духтурон қарор доштанд.

Бино ба иттилоъи Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, ҳоло 128 нафар бо сирояти илтиҳоби шадиди шуш дар беморхонаҳо, 64 нафар бо ҳамин гуна ташхиси беморӣ дар табобати амбулаторӣ ва 35 нафар бо аломати COVID-19 зери назорати амбулаторӣ қарор доранд.

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулин дастур додааст, ки минбаъд дар вақти иҷозат додани баргузории маърака, аз соҳибони туй баёнхати риояи танзим гирифта, аксгирӣ ва оростани маросим дар паси толори САҲШ манъ карда шуда, маросими "ЗАГС" танҳо бо ширкати чор нафар иҷозат дода шавад.

Ситоди пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID – 19 баъд аз як моҳу бист рӯзи мутавақиф гузоштани маъракаҳои мардумӣ, рӯзи 20-уми июн бо муқаррароти нав аз қабили риояи бастани ниқоб барои ҳамаи иштирокчиён ва танҳо баргузор намудани як маърака дар як рӯз ва он ҳам боширкати аз 40 то 100 нафар, дар маҳалла ва тарабхона ба баргузории туйҳои арӯсию домодӣ иҷоза дод.

Маъруф Муҳаммадзода ҳамчунин вазифагузорӣ намуд, ки фаъолияти марказҳои дилхушии шабона, бозорҳои шабона ва марказҳои савдое, ки қоидаҳои беҳдошт дар онҳо риоя намешавад, боз дошта шавад.