Жириновский дар бораи вориси Путин гуфт

Роҳбари Ҳизби либераливу демократии Русия Владимир Жириновский гуфт, ки кӣ метавонад вориси раисҷумҳури амалкунандаи Русия Владимир Путин бошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Диқиқан наметавон гуфт, ки вориси раисҷумҳури Русия Владимир Путин кӣ мешавад, мегӯяд сиёсатмадори рус Владимир Жириновский.

Ба гуфтаи вай, вориси Путин метавонад номзад аз Кремл , аз ҷумла сарвазири феълӣ Михаил Мишустин шавад.

Шоҳзода ва Президент: чаро Амрико муносибати хуби Путину Муҳаммадро намехоҳад

 

"Чаро ман фикр мекунам, Михаил Мишустин мешавад: ӯро беҳуда таъин накардааст. То ӯ як сол, ду сол, се сол худро нишон диҳад, то ӯро шиносанд. Нигоҳ кунед, ӯ зуд ба сафар ба минтақаҳо шурӯъ кард ва бо раисони вилоятҳо мулоқот мекунад",-  мегӯяд Жириновский.

Роҳбари ЛДПР истисно намекунад, ки дар оянда Мишустин аз президенти феълӣ бештар кор хоҳад кард.

"Шояд баръакс бошад, шояд ин махсус бошад ва намзади дигаре пайдо шавад, масъалан аз дохили раисони вилоятҳо, ки дар рӯйхати махсуси роҳбари давлат қарор дорад", - афзуд вай.

Жириновский таъкид кард, ки ҳангоми интиқоли қудрат дар Русия ҳаяҷоне нахоҳад буд.

"Ягон майдон мисли Бишкек ва Белорус нахоҳад шуд. 20 сол сарф шуд, то ба консерватизм асос гузошта шавад, то дигар ҳеҷ вақт Явлинский, Горбачев ё Елсини дигаре пайдо нашавад", - таъкид кард ӯ.

Роҳбари ҳизб афзуд, ки феълан дар Русия низоме роҳандозӣ мешавад, то ҳеҷ вақт касе аз тақсимоти кишвар нагӯяд.

Мишустин дар бораи мансаб, сирояту шифоёбияш аз COVID -19 ва мавҷи дуюми ин беморӣ гуфт

"Яъне мо президентеро хоҳем дошт, ки онро пеш аз ҳама Шӯрои давлатӣ, сипас Шӯрои амният, Додгоҳи конститутсинӣ, Шӯрои Федератсия ва Думаи давлатӣ ҳамоҳанг хоҳанд кард", - хулоса кард роҳбари ЛДПР.