Таъмири мактаб-интернати машҳури варзишии Тоҷикистон

Бинои Муассисаи давлатии таҳсилоти “Мактаб-интернати тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов” таъмир шуда, аз нав ифтитоҳ гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар доираи корҳои таъмирӣ толорҳои варзишӣ барои намудҳои гӯштини миллӣ, гӯштини юнонӣ-римӣ, ҷудо, бокс, самбо, ҳаммом, утоқҳои кории мураббиён, ошхона, боми бино, намои берунаи бино азнавсозӣ шуд.

Санаи муҳорибаи Макгрегор ва Поре маълум шуд

Манбаъ таъкид кард, ки иқдоми мазкур идомаи сиёсати пешгирифтаи раисиҷумҳур дар самти бунёду азнавсозии иншооти варзишӣ, дастгирии варзишгарон ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад.

Кумита таъкид кард, ки чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров, ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев ва Мавзуна Чориева дастпарварони ҳамин мактаб-интернат ҳастанд.

Мактаб-интернати варзишӣ соли 1972 ташкил ёфтааст ва имрӯз дар он 350 наврас аз тамоми ҷумҳурӣ ба таълиму тамрин фаро гирифта шудаанд. Толорҳои варзишии муассиса чанд соли охир шароити мувофиқи тамрин надоштанд ва таъмирталаб буданд.

Кумита таъкид намудааст, ки корҳои таъмирӣ дар сатҳи баланд ва мувофиқ ба стандартҳои муосири сохтмонӣ анҷом ёфт ва акнун барои таълимгирандагони мактаб-интернат шароити созгори машқу таълим фароҳам оварда шуд.