ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса, ки дар 27-километрии Порис ҷойгир аст, сари омӯзгори коллеҷро аз тан ҷудо намуданд, хабар медиҳад LeParisien.
Ин ҳодиса чанд ҳафта пас аз он рух дод, ки ҳайати таҳририяи нашрияи баҳсбарангези Charlie Hebdo карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) -ро дубора нашр кард.
Дар охири моҳи сентябр, ба ин далел, дар Фаронса ҳамлаи террористӣ рух дод. Он замон як ҷавони 18 - сола бо корд ба сӯи роҳгузарон, ки аз назди нашрияи Charlie Hebdo мегузаштанд, ҳамла кард.
Зимнан, бо гузашти се ҳафта, боз як ҳодисаи мудҳиши одамкушӣ рух дод. Муаллими коллеҷ, ки аз фанни таърих дарс медод, кушта, сипас сарашро аз тан ҷудо намуданд.
Зартушт дар Фаронса шаҳрдор шуд
Пулис гумонбари ин ҳодисаро пайдо ва дар натиҷаи боздошт кардан, ӯро парронданд.
Манбаъ меафзояд, шахсияти ҳамлавар муайян шуд, ӯ шаҳрванди 48 - солаи Алҷазоир буда, дар коллеҷи мазкур яке аз фарзандони ӯ таҳсил мекард.
Тибқи иттилои расонаҳои фаронсавӣ, омӯзгори фавтида чанде пеш матолибҳои нашркардаи Charlie Hebdo-ро бо донишҷӯён муҳокима кард ва инчунин ба онҳо карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) - ро нишон медод.