Ба Раҳмонзода Абдулло вазифаи нав доданд

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон раиси Шурои кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 интихоб гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар асоси қарори ҷаласаи ХХVII – Шурои кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 16 октябри соли равон ба тариқи фосилавӣ сурат гирифт, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Шурои кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 интихоб гардид.

Дар Русия афзоиши квотаҳо барои донишҷӯёни Тоҷикистонро баррасӣ доранд

Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ин қарори якдилонаро намояндагони мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонони давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ дар заминаи таҷлили ҷашни 30 – Итиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва фаъолияти назарраси Тоҷикистон дар доираи Шурои ИДМ қабул намуданд.

Гуфта шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур, ҳамзамон 10 масъалаи дигари ҳамкории мақомоти соҳаи кор бо ҷавонони давлатҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Бояд қайд кард, ки Шурои кор бо ҷавонони кишварҳои узви ИДМ дар асоси Созишномаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон 25 ноябри соли 2005 таъсис ёфтааст.