ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik.Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин қитъаи замин асосан парвариши хурмо, ки ба иқлим ва обу хоки минтақа муносиб аст, роҳандозӣ гардидааст.
"Масоҳати умумии замини таҷрибавӣ 1 гектарро дар бар гирифта, бо ҷалби олимони соҳа дар он парвариши чор навъи хурмо роҳандозӣ гардидааст. Ба иттилои масъулин ҳар сол дарахтони боғи мазкур ҳамин гуна серҳосил буда, аз ҳар гектари он аз 30 то 35 тонна хурмои хушсифат ҷамъоварӣ карда мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар қитъаи таҷрибавӣ навъҳои “Кулчахурмо”, “Серҳосили Вахш”, “Болаззати Деҳмой” ва “Пешпази ширин” парвариш карда мешаванд. Аллакай ҷамъоварии ҳосил аз қитъаи мазкур шурӯъ гардида, маҳсулоти тару тозаи он ба бозорҳои дохили кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи барномаҳои давлатӣ майдони боғи хурмо низ зиёд гардида, айни замон масоҳати умумии он дар саросари вилояти Суғд 300 гектарро ташкил медиҳад.
Зимни намоиши кишоварзӣ иброз гардид, ки дар баробари таъмини эҳтиёҷоти худӣ бо ин навъи маҳсулот бояд содироти он ба дигар кишварҳо низ густариш дода шавад, зеро меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон харидорони худро доранд.